No Widget Added

Please add some widget in Offcanvs Sidebar

Shopping cart

Subtotal $0.00

View cartCheckout

Ҳимояи рисолаи номзадии Мадинаи Қиемиддинзода

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз руйи ихтисос 6D110100 – Тиб (ихтисоси 6D110101- момопизишкӣ ва бемориҳои занона) ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз руйи ихтисоси 14.01.01 – момопизишкӣ ва бемориҳои занона дар назди Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» ҳимояи рисолаи номзадии Мадинаи Қиёмиддинзода – аспиранти Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, дар мавзӯъи “Оптимизация методов родоразрешения женщин с тяжелыми преэклампсиями” баргузор гардид.

Мубрами мавзуи таҳқиқот. Холо дар тамоми чахон сатхи
индуксияи таваллуд афзуда истодааст ва дар кишвархой рушдёфта ин нишондиханда такрибан 25% – ро ташкил медихад. Индуксияи таваллуд пешгирии мураккабиҳоеро дар назар дорад, ки метавонанд бо пешрафти хомиладори шиддат ёбанд. Аз ин нуқтаи назар, индуксияи таваллуд вазъи модар ва кудакро дар ҳолатҳои гуногуни беморихои экстрагенитали ва мураккабихои хомиладорй беҳтар намуда, ба кам шудани шумораи чарроҳии буриши кайсари мусоидат мекунад алокаманд аст.
Тавсифи умумии тахкикот
Мақсади таҳқиқот: Омузиши натичаҳои акушерй ва перинатали дар занон вобаста ба муҳлат ва усули таваллуд барои оптимизатсияи равишҳои индуксияи таваллуд дар занони бо преэклампсияи давраи дер ва мухлати расида.

Comments are closed